Номи 931 зодаи Тоҷикистон, ки аз соли 2022 то моҳи январи соли 2025 ба таври қарордодӣ аз тарафи Русия ба зидди Украина ҷангидаанд, эълон шуд. Рӯйхатро "Хочу жить", як тарҳи давлатии Украина рӯзи 23-юми апрел бо номи "Зархаридон аз Тоҷикистон дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Русия" нашр кард. Хабарнигорони Радиои Озодӣ назари мардумро дар хиёбонҳои Душанбе дар ҳамин мавзуъ пурсиданд. Баъзе посухҳоро инҷо хонед:
- "Дуруст нест, ки шаҳрванди Тоҷикистон ба давлати дигар рафта ҷанг кунад, албатта, агар шаҳрвандии онҷоро надошта бошанд."
- "Нодуруст аст. Дигар ҷой рафта, мардуми онҷоро ғам додан дуруст нест."
- "Агар онҳо ба ҷанг рафтаанд, маълум мешавад, ки бо роҳе “ҳавасаманд” карда шудаанд. Дидан даркор аст, ки онҳоро бо чӣ роҳ ҷалб кардаанд."
- "Ба ҷанг рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон метавонад барои дигарон оқибатҳои бад дошта бошад. Масалан Украина метавонанд сафари шаҳрвандони Тоҷикистонро манъ кунад. Ё муносибати ду кишвар бад шавад."
- "Ин ҷанг ба мо ягон алоқа надорад, чӣ лозим аст ба онҷо рафтан. Сари бедардро бурда ба дард гирифтор мекунӣ."
- "Бисёраш аз рӯйи бепуливу бекорӣ меравад, лекин баъд пушаймон мешавад. Аммо ин роҳ дуруст нест, чун дар Тоҷикистон ва дар Русия ҳам кор ҳаст, чӣ даркор ҷанг рафтан?"
Видеоро дар инҷо бинед: