Гурӯҳе аз сокинон дар Душанбе иддао доранд, ки соҳибкор Одинамо Давлатова бо ваъдаи овардани электромобил ё худравҳои барқии арзон аз тақрибан 80 кас ҳудуди 30 миллион сомонӣ гирифта, ваъдаашро иҷро накардааст. Ин зан ҳоло дар боздошт аст. Наздиконаш аз суҳбат бо Радиои Озодӣ худдорӣ карданд.
Як фармони президенти Русия Владимир Путин аз 20-уми март дар миёни муҳоҷирон овозаҳоеро ба миён овард, ки гуё "патент" бекор шудааст ва онҳо метавонанд бе ин ҳуҷҷат кор кунанд. Ин хабар дар матбуоти Русия ба таври нофаҳмо чоп ва таблиғ карда шуд ва зоҳиран муҳоҷиронро дар сардаргумӣ андохт.
Аз майдонҳои хурди деҳ то тамрин дар толори варзишӣ ва майдондорӣ дар саҳнаҳои ҷаҳонӣ. Даҳҳо дастпарвари мактаби Устопириён то ҳол дар мусобиқаҳои гуногуни кишвар, минтақа ва ҷаҳон ҷойҳои намоёнро гирифтаанд.
Мақомот дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон, мехоҳанд сокинони як минтақаро аз хонаҳояшон берун карда, дар ҷойи ин маҳаллаи истиқоматӣ роҳ ё “шоҳроҳи президентӣ” созанд. Ин мушкил дар ҷараёни бунёди қасри нави президенти Қирғизистон пеш омад. Мардум норозӣ ҳастанд. Чаро?
Як таҳқиқи тозае нишон додааст, ки чун дар Тоҷикистон, пиряхҳо дар вилояти Кашмири таҳти контроли Покистон батадриҷ бухор ва нобуд мешаванд.
Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар хабарномае рӯзи 28-уми март эълон кард, ки даъвояш бо Оҷонси расонаҳои байнулмилалии Амрико (USAGM)-ро дар додгоҳ барои дарёфти маблағе, ки Конгрес додааст, идома медиҳад.
Иди Рамазон, яке аз ду идҳои мусалмонон, дар Тоҷикистон рӯзи якшанбе 30- юми март, таҷлил хоҳад шуд.
Сатҳи демократия дар Тоҷикистон дар соли 2024 қариб як зина поин рафтааст. Радабандии навро таҳлилгарони The Economist Intelligence Unit, яке аз шохаҳои пажӯҳишии маҷаллаи бритониёии “Экономист”, тартиб доданд.
Хабари қатъи маблағгузории Радиои Озодӣ ва эҳтимоли аз кор монданаш дар ҷомеаи Тоҷикистон низ вокунишҳои гуногунро ба бор овард.
"Бештар онҳое аз зиндон озод карда шудаанд, ки бо гуноҳи ришваситонӣ, тамаъҷуӣ, ҳамҷинсгароӣ, фурӯши замин ва дуздию авбошӣ ба солҳои гуногун маҳкум шудаанд, на хабарнигорону фаъолони маданӣ ва на сиёсатмадорону мухолифон."
Ёфтҳои бештар