Ҳукумати "Толибон" дар Афғонистон занону духтаронро аз кор, таҳсил, рафтан ба боғ, толорҳои варзишӣ ва ҳаммом манъ кардааст. Занон ҳамчунин иҷоза надоранд, ки бе роҳбаладии мардони оила аз хона берун шаванд ва бояд тибқи қонунҳои бераҳмона зиндагӣ кунанд.
Чунин маҳдудиятҳо боис шуданд, ки иддае занони афғонистониро нашри аксу видеои ситораи "порно" ё филмҳои фаҳшо, Витни Райт (Whitney Wright), ки аз кишварашон дидан кардааст, ба хашм овард. Ҳарчанд “Толибон” сафарро эътироф накарданд, ҳунарпешаи амрикоӣ Витни Райт аксҳои боздидашро аз ҷойҳои сайёҳии Афғонистон дар саҳифааш дар Instagram нашр кард.
Важма Тохӣ, фаъоли ҳуқуқи занон ва маорифи Афғонистон, инро "риёкорӣ" номид. "Дар ҳоле ки занони афғонистонӣ дар ватани худ зиндонӣ ҳастанд, меҳмонони хориҷӣ новобаста аз кор ва рафторашон аз меҳмоннавозӣ баҳраманд мегарданд,” – афзуд ӯ.
Витни Райт дар солҳои охир асосан аз кишварҳои мусулмонӣ ба мисли Эрон, Ироқ, Сурия ва Лубнон рафтааст. Радиои Озодӣ барои гирифтани шарҳи “Толибон” ва Витни Райт дар ин маврид муваффақ нашуд.
Дар ҳоли ҳозир Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба шаҳрвандонаш тавсия додааст, ки “ба ҳеч ваҷҳ” ба Афғонистон нараванд. Вазорат гуфтааст, “дар онҷо гурӯҳҳои сершумори террористӣ ҳастанд ва шаҳрвандони Амрико метавонанд ҳадафи одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ қарор бигиранд.”
Райт ҳамчун шаҳрванди Амрико барои рафтан ба Афғонистон бояд раводид (виза) бигирад. Ҳукумати “Толибон” ҳам эътироф нашудааст ва сафорату консулгариҳои Афғонистонро дар Иёлоти Муттаҳида назорат намекунад.
Гурӯҳи “Толибон” саъй дорад, сайёҳони хориҷиро барои баланд бардоштани обрӯи байнулмилалии худ ҷалб кунад ва нишон бидиҳад, ки хушунат дар Афғонистон ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Баъзе аз занони афғонистонӣ мегӯянд, ки “Толибон” бо истифода аз занони сайёҳ мехоҳанд, то чӣ андоза амн будани кишварро барои хориҷиён таъкид кунанд.
Насима Бидаргар, як фаъоли ҳуқуқи занони афғонистонӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, “ин озодӣ танҳо барои хориҷиён аст, на барои занони афғон, ки аз ҳуқуқи одии худ маҳруманд.”
Гурӯҳи ифротии “Толибон” баъди бозгашт ба қудрат дар моҳи августи соли 2021, рафтани духтарони наврасро ба мактаб манъ кард, дари донишгоҳҳоро ба рӯйи занон баст ва фаъолияти занонро дар созмонҳои ғайридавлатии байнулмилалӣ ва бахшҳои дигар манъ кард.
Ҳатто боғҳое, ки танҳо барои занон пешбинӣ шуда буданд, инчунин, тарабхонаву қаҳвахонаҳое, ки ба бонувон тааллуқ доштанд ва ё занон бештар ба онҷо мерафтанд, аз ҷониби режими “Толибон” баста шуданд.
Ин гурӯҳ дар моҳи августи соли 2024 қонуни нави ахлоқро қабул кард, ки махсусан занонро ҳадаф қарор дода, аз онҳо талаб мекунад дар назди мардум бо чеҳраи пӯшида ва бо роҳбаладии мардон пайдо шаванд. Ин қонун занонро аз сурудхонӣ ва ҳатто баланд кардани овоз дар ҷойҳои иҷтимоӣ бозмедорад.
Намояндагони аршади Созмони Милали Муттаҳид ва занони фаъоли афғон чунин бархӯрди “Толибон”-ро “табъизи ҷинсӣ” номидаанд.
Додгоҳи байнулмилалии ҷиноӣ дар моҳи январ раҳбари олии “Толибон” Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода ва раиси додситонии “Толибон” Абдулҳаким Ҳаққониро ба “ҷиноятҳои зидди башарият ва таъқиби ҷинсӣ” муттаҳам донист ва хоҳони боздошти онҳо шуд.
Витни Райт дар Фейсбук навореро нашр кард, ки дар он бо чодари сиёҳ дар назди боғи Банди Амир, яке аз ҷозибаҳои сайёҳии Бомиён, дар болои барф сайругашт дорад. "Толибон" дар моҳи августи соли 2023 занони афғонистонро аз рафтан ба ин боғ манъ кард.
"Ин ҳолат барои ман ҳамчун зани афғонистонӣ дилрешкунанда аст," – гуфт як зан аз Бомиён ба Радиои Озодӣ.